Aвтокредит, Oнлайн кредит, Ипотечное кредитование

Муқоисаи меъёрҳои қарзи ипотекавӣ, истеъмолӣ ва автоқарзҳо

Асри XXI асри имкониятҳои молиявист, ки дар он ҳар кас метавонад, бо равиш ва муносибати дуруст ба кор, муваффақ шавад. Мутаассифона, ин ҳамчунон замоне аст, ки аслан пул ҳама чизро ҳал менамояд. Аксар вақт маҳз набудани сармояи ибтидоӣ садди роҳи муваффақияти соҳибкори боистеъдод мегардад ва болишти бехатарии молиявӣ кафили зиндагии ором дар давраи бӯҳронҳои молиявӣ ва эпидемияҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Сравнение

Аммо чӣ бояд кард, агар шумо дар ҳоли ҳозир пул надоред, ҳатто агар шумо пур аз ғояҳои эҷодӣ ҳастед, мехоҳед чизи наве эҷод кунед, ки барои ҷомеа муфид бошед? Дар ин ҳолат, роҳи беҳтарини ҳалли масъала қарзи арзон аст. Шояд ин қадами аввалин ба сӯи муваффақияти шумо шавад. Қарз инчунин ба шумо дар амалӣ кардани орзуҳоятон, аз қабили харидани мошини деринтизор ё харидани манзили зист, агар шумо аз саргардон шудан дар манзилҳои иҷора хаста шудед, кӯмак мекунад. Аммо, бо назардошти шумораи зиёди ташкилотҳои қарзии шубҳанок ва на ҳамеша шароити мусоиди бонкҳои калон, гирифтани қарз низ метавонад кори хеле душвор гардад.

Ҳадафи ширкати мо аз он иборат аст, ки ба мизоҷони худ имконият диҳем, то ки қарорҳои молиявии мутавозин ва оқилона қабул намоянд.

Мо як воситаи мувофиқе сохтем, ки ба шумо имкон медиҳад, то қарзҳои барои шумо мувофиқро муқоиса кунед. Қонеъ гардонидани талаботи шумо ва пешниҳоди иттилооти шаффоф дар бораи вазъи қарз дар бозор – ҳадафҳои асосии мо мебошанд. Меъёрҳои қарздиҳиро барои хариди мошин, манзили зист, ва инчунин қарзи истеъмолӣ муқоиса намоед. Ба пешниҳодҳои истисноии мо, ки дар ҷои дигаре онро нахоҳед ёфт, дастрасӣ пайдо кунед!

Қарзи ипотекавӣ

Дарёфти пешниҳоди фоидаовари ипотекавӣ барои хариди манзили зист кори осон нест. Дар бозори муосир шумораи зиёди пешниҳодҳо мавҷуданд, ки яке аз дигаре беҳтар аст, ва шахсе, ки бо хусусиятҳои муомилоти амволи ғайриманқул хуб ошно нест, метавонад ба осонӣ ошуфта шавад.

Мо ба шумо барои сарфаҳм рафтан кӯмак мерасонем ва шуморо ба самти дуруст ҳидоят менамоем! Дар сомонаи http://finekonom.com мо қарздиҳандагон, бонкҳо ва риэлторҳои боэътимодро, ки дар минтақаи шумо ва берун аз он фаъолият мекунанд, ҷамъ овардем. Дар ин ҷо шумо меъёрҳои пасти фоизҳои дар айни замон мувофиқро пайдо мекунед ва метавонед онҳоро ройгон муқоиса кунед! Барои дарёфти қарзи ипотекавии фоидаовар ба шумо танҳо лозим аст, ки:

– Ҷавоб ба чанд савол

Ба мо дар бораи хона ё манзиле, ки шумо ҷустуҷӯ мекунед, нақл кунед, мӯҳлат ва инчунин меъёри ҳадди аксар ва ҳадди ақали қарзро ишора намоед.

– Натиҷаҳое, ки мувофиқи паймоишатон пайдо мешаванд, омӯзед

Меъёрҳои ҷории даҳҳо қарздиҳандаҳоро муқоиса кунед, то бубинед, ки оё мӯҳлатҳо ва шартҳои қарзҳои ипотекавӣ барои шумо мувофиқанд.

-Агар шумо яке аз пешниҳодҳо бароятон мувофиқ бошад, пас бо мо тамос гиред

Пешниҳоди ипотекавие ёфтед, ки ба шумо комилан мувофиқ аст? Бо ёрии мо, шумо метавонед бо қарздиҳанда тамос гиред, то дар бораи амалиёт маълумоти бештаре гиред ва меъёри пешниҳодкардаи ӯро собит кунед.

Қарзи инфиродӣ

Ин намуди қарзро ҳамчунин қарзи истеъмолӣ низ меноманд. Ҳангоми муроҷиат барои гирифтани чунин қарз шумо аз бонк ё муассисаи молиявӣ маблағи муқаррариро қарз мегиред. Ҳангоми баргардонидани он, шумо дар мӯҳлати муайян ҳар моҳ фоизи муайянро пардохт мекунед.

Барои ба даст овардани ин намуди қарз, таърихи қарзии шумо хеле муҳим аст. Таърихи бади қарзӣ одатан боиси рад шудани ариза ва ё қарзие бо фоизи баланд мегардад.

Ҳангоми муқоисаи қарзҳои инфиродӣ, ҳатман ба комиссияҳо ва пардохтҳои марбут ба ин қарз диққат диҳед. Ғайр аз он, мо инчунин тафтиш кардани ҷузъиёти хурдро тавсия медиҳем, масъалан, оё шумо имконияти ба таъхир андохтани пардохтро доред пеш аз мӯҳлат баргардонидани амалиёти қарзӣ то чӣ андоза муфид аст.

Автоқарз

Мехоҳед мошинро бо қарз харед? Гирифтани қарз барои хариди воситаи нақлиёт бо истифода аз сомонаи мо, назар бар бастани шартнома бо паҳнкунандаи расмии автомобилҳо метавонад фоидаи бештаре дошта бошад. Мо ба шумо дар ёфтани фоизи мусоидтарини шартҳои қарз ва шартҳои мувофиқи пардохт кӯмак мерасонем.

Ҷустуҷӯи пешниҳодҳои қарзӣ дар сомонаи мо – роҳи осонтарин барои ёфтани мошини орзуҳои Шумост. Ба шумо танҳо лозим аст, то каме ба мо бигӯед, ки чаро қарз гирифтан мехоҳед, чӣ гуна мошин мехоҳед ва ба кадом мӯҳлат. Дар асоси натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар маҷмӯи маълумотҳои мо, ба шумо рӯйхати пешниҳодҳои қарзӣ нишон дода мешавад, ки бо эҳтиёҷоти шумо мувофиқат мекунанд.

Шумо метавонед ҳамаи пешниҳодҳоро ба осонӣ тафтиш кунед ва онҳоро дар асоси тарифҳои моҳона, пардохтҳо ва ҳаққи хидматҳо, инчунин имконияти пардохти пеш аз мӯҳлат муқоиса кунед. Агар шумо ягон пешниҳоди писандидаатонро пайдо кунед, танҳо бо таъминкунанда тавассути хизматрасонии мо тамос гиред ва харидуфурушро ба анҷом расонед.

Дар баробари ҳамаи хизматрасониҳо, шумо ҳамчунин метавонед бо истифода аз сомонаи мо, арзиши суғуртаи мошинҳои худро муқоиса кунед ва ҳамеша дар ҳаракат бошед. Ин вақти зиёдро талаб намекунад. Танҳо маълумотро дар бораи худ ва мошинатон ворид кунед (таърихи таҷрибаи ронандагӣ). Мо ба шумо дар шакли муносиб пешниҳодҳои суғуртавии муфидро барои воситаи нақлиёти ишорашуда нишон медиҳем.

Баръакси рақибонамон, мо ширкати суғуртавӣ нестем. Ҳамин тариқ, мо метавонем ба шумо беҳтарин таносуби нарх ва сифатро ҳангоми суғуртаи автомобилатон беғараз пешниҳод намоем.

Чӣ гуна метавонед пешниҳоди ба худ фоидаоварро интихоб кунед?

Дар хотир доред, ки меъёрҳои қарзи ипотекавӣ, истеъмолӣ ва ё автоқарз метавонанд ҳар рӯз тағйир ёбанд ва вобаста ба вазъи кунунӣ ва сиёсати молиявии қарздиҳанда фарқ кунанд. Фарқият метавонад якчанд сад ҳазор рублро ташкил диҳад. Дар асоси таҷрибаи худ, мо якчанд маслиҳатҳои муфидро омода кардаем, то ки ба шумо дар пайдо намудани пешниҳоди мувофиқ барои гирифтани қарз барои эҳтиёҷоти худ, инчунин харидани мошин ё амволи ғайриманқул кӯмак кунанд:

– Пешниҳодҳои бонкҳо ва ширкатҳои гуногунро омӯзед.

Дар марҳилаи интихоб, дар шумо метавонед васвасае пайдо шавад, то ки бевосита аз хидматҳои қарздиҳандаи маъруф истифода баред, ки номаш на танҳо дар мамлакати шумо, балки дар тамоми Аврупо машҳур аст. Аммо, бренди корпоративии таблиғкардашуда ҳеҷ гоҳ кафолат намедиҳад, ки ин ширкати қарзӣ ба мизоҷони худ шароити беҳтаринро фароҳам меорад. Беҳтар аз ҳама, аз инмконияти махсуси ҷустуҷӯии сомонаи мо истифода баред, то қурбҳои расмии ҳадди аққал 3 қарздиҳандаи гуногунро муқоиса кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо фоизи беҳтарини амалиёти қарзро барои худ мегиред.

– Шарту шароити қарзро бо диққат омӯзед

Фоизи меъёри солона ё моҳона ягона омиле нест, ки бояд ҳангоми интихоби ташкилоти қарзӣ ба назар гирифта шавад. Боварӣ ҳосил кунед, ки комиссия, пардохтҳои иловагӣ ва имконияти пеш аз мӯҳлат баргардонидани қарз аз ҳар як бонк ё ташкилот аз рӯйхат дида баромадед.

– Барои онҳое, ки амволи ғайриманқулро бо ипотека мегиранд, хуб мебуд агар андозаи пардохти аввалро зиёд кунанд.

Оё медонед, ки андозаи пардохти аввалаи шумо (пардохти аввалия) метавонад ба меъёри ипотекаи шумо таъсири назаррас расонад? Ин аз он сабаб аст, ки меъёрҳои ипотекавӣ одатан аз чанд дараҷа иборатанд, меъёрҳои камтарини ипотека барои шахсони воқеие, ки пардохти аввалияашон 20% ё бештар аст дастрас мебошанд. Агар имконпазир бошад, дар бораи зиёд кардани пардохти аввалияи худ андешед. Ҳамин тариқ, шумо метавонед бо меъёри камтарини моҳона шартнома бандед ва зуд аз зарурати пардохт барои амволи худ ҳар моҳ халос шавед.

– Таърихи қарзии худро беҳтар намоед

Таърихи қарзии шумо яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба фоизи қарзе мебошад, ки бонкҳо ба шумо пешниҳод мекунанд. Ҳар чӣ қадар рейтинги қарзии шумо баланд бошад, фоизи қарз барои шумо ҳамон қадар камтар мешавад. Пеш аз муроҷиат барои гирифтани қарз таърихи қарзии худро тафтиш кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, то ки бо шартҳои барои шумо мусоидтарин созишнома бандед.

Write A Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Омодаед шуруъ кунед?