Дар бораи мо

Портали FinEkonom - дар муқоисаи шароити қарз ва суғурта дар ИДМ пешсафтарин аст. Мо воситаҳои ройгонро ба таври онлайн пешниҳод менамоем, ки ба одамон дар идоракунии маблағҳои худ, сарфа ва афзоиш додани дороиҳояшон бо истифода аз системаи қулайи муқоиса намудани маҳсулоти суғуртавӣ ва қарзӣ ёрдам мерасонанд.

Таърихи ширкати мо

Ширкати мо фаъолияташро соли 2010 оғоз намуд, вақте ки мо аввалин сомонаи худро барои муқоисаи маҳсулоти молиявӣ дар минтақаи Адриатик кушодем. Дар тӯли ин солҳо, мо фаъолона тиҷорати худро васеъ карда, ба бозорҳои нав ворид гаштем. Дар айни замон бо мо зиёда аз 50 корманди боэътимод кор мекунанд, ки ӯҳдадоранд то ба мизоҷони худ дар сарфаи маблағ кумак расонанд.

Мизоҷони мо ҳамеша дар кори мо ҷои аввалро ишғол мекунанд. “Ҳама хизматрасониҳои пешниҳодкардаи ширкат ройгон мебошанд. Ин аз он сабаб имконпазир аст, чунки мо аз таъминкунандагони хизматрасонҳои молиявӣ фоида мегирем, вақте шумо муштарии онҳо мешавед.

Чунин комиссия ба шартҳои суғуртавӣ ва қарзӣ таъсир намерасонад, аз ин рӯ, шумо аз бевосита кор кардан бо таъминкунандаҳои хизматрасонӣ пасандозҳои иловагӣ ба даст овардан наметавонед.”

Дар тӯли 10 соли охир, мо ба мизоҷони худ дар гирифтани беш аз 50,000 қарз ва маҳсулоти суғуртавӣ кӯмак расондем, ки ин ба мизоҷони мо имкон дод, то ки манфиати зиёд ба даст оранд.

Ҳадафи мо

Муносибати бегаразона ва озодии амал ба мо имкон медиҳанд, то ки шароитҳои бовиҷдонона ва одилонаи ҳамкориро кафолат диҳем.

Finekonom – ширкати молиявиест дар соҳаи молияи шахсӣ, ки ба муштариён кӯмак мекунад, ки тамоми хатарҳои олами молия ва қарзро паси сар кунанд. Новобаста аз он ки шумо хатмкунандаи коллеҷ ҳастед, ки мехоҳед қарзи ипотекавии аввалини худро гиред ё нафақахӯре ҳастед, ки мехоҳед захираҳои худро самаранок истифода баред, Finekonom маълумоти бениҳоят дақиқро дар бораи меъёрҳои ҷорӣ, ҳисобкунакҳои интуитивӣ ва маводҳои бодиққат интихобшударо пешниҳод мекунад, ки ба шумо кӯмак мерасонанд то ба ҳадафҳои худ расед.

Ҳамчун манбаи иттилооти боэътимод ва тасдиқшуда, Finekonom раванди қабули қарорҳои молиявиро содда ва осон мекунад ва воситаҳои муносибро барои муқоисаи меъёрҳо дар соҳаи қарздиҳии ипотекавӣ, қарзҳои истеъмолӣ, автоқарзҳо ва суғурта пешниҳод менамояд. Ғайр аз он, мо омодаем бо истифода аз захираҳои худ ба шумо шартҳои нисбатан фасеҳтар пешниҳод намоем, инчунин як қатор пешниҳодҳоеро низ пешкаш кунем, ки шартҳои онҳо нисбат ба шартҳои дар сомона пешниҳодшуда мусоидтар хоҳанд буд. Лутфан диққат диҳед, ки ҳамаи хизматрасониҳо ройгон пешниҳод карда мешаванд. Ғайр аз ин, мо ба маълумоти шахсӣ ва махфии шумо ва инчунин рейтинги қарзии шуморо эҳтиётона муносибат намуда, онро ҳифз менамоем.

Далелҳои калидӣ дар бораи ширкати мо

Мо тиҷорати ростқавл ва шаффофро бо пешниҳоди хизматрасониҳои ройгон руи кор овардем. Мо ҳеҷ гоҳ маълумоти шуморо намефурӯшем ва махфияти шуморо ҳифз мекунем.

1
+

Шарикони молиявӣ

1
+

Раванди қарзгирии соддакардашуда

1
+

Таҷриба ва хиради бисёрсола

1
+

Кормандон

Омодаед шуруъ кунед?