Шарт ва ҳолат

Портали FinEkonom - дар муқоисаи шароити қарз ва суғурта дар ИДМ пешсафтарин аст. Мо воситаҳои ройгони онлайнро пешниҳод менамоем, ки ба одамон дар идоракунии пулҳои худ ва ҳамчунин захира ва афзоиш додани дороиҳояшон бо истифода аз системаи қулайи суғурта ва муқоисаи қарз кӯмак мерасонанд.

Мӯҳлат ва шарт, сиёсати корбурди маълумоти махфӣ

1. Муқаррароти умумӣ

Ҳуҷҷати мазкур сиёсати “Finekonom.com”-ро дар вобаста ба таъмини амнияти маълумоти махфӣ, коркарди онҳо ва нисбат ба тамоми маълумоти шахсии аз ҷониби “Finekonom.com” коркардшуда, дар фаъолияти худ амал менамояд.

“Finekonom.com” махфият ва амнияти маълумоти шахсиро, дар ҳангоми коркарди онҳо, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон таъмин менамояд.

2. Принсипҳои коркарди маълумоти махфӣ дар “Finekonom.com”

2.1. Коркарди маълумоти махфӣ дар “Finekonom.com” ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

қонунӣ ва содиқона будани мақсадҳо ва усулҳои коркарди маълумоти махфӣ;

мутобиқаткунии мақсадҳои коркардӣ маълумоти махфӣ бо ҳадафҳои пешакӣ муайяншуда ва дар ҷараёни ҷамъоварии маълумоти махфӣ эъломшуда, инчунин бо ваколатҳо.

мутобиқати ҳаҷм ва хусусияти маълумоти шахсии коркардшуда, усулҳои коркарди маълумоти шахсӣ бо мақсадҳои коркарди маълумоти шахсӣ;

эътимоднокии маълумоти шахсӣ, актуалӣ ва кофӣ будани он барои мақсадҳои коркард, ғайри қобили қабул будани коркарди маълумоти шахсии барзиёд ва номарбут ба ҳадафҳо;

қонунӣ будани тадбирҳои ташкилию техникӣ оид ба таъмини амнияти маълумоти шахсӣ;

саъй барои такмили доимии системаи ҳифзи маълумоти шахсӣ.

3. Тадбирҳое, ки “Finekonom.com” ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ ба назар мегирад.

3.1. Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ, “Finekonom.com” бо салоҳдиди худ чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникиро барои муҳофизати он аз дастрасии беиҷозат ё тасодуфӣ, нобудсозӣ, тағйирот, блоккунӣ, нусхабардорӣ, пешниҳодкунӣ, паҳн кардани маълумоти шахсӣ ва инчунин аз дигар намуди амалҳои ғайриқонунӣ дар вобаста ба маълумоти шахсӣ, меандешад, аз ҷумла:

таҳдидҳоро ба амнияти маълумоти шахсӣ ҳангоми коркарди онҳо дар системаҳои информатсионии маълумоти шахсӣ муайян мекунад, барои таъмини амнияти маълумоти шахсӣ, аз ҷумла ҳангоми коркарди онҳо дар системаҳои информатсионии шахсӣ, ки барои қонеъ гардонидани талабот оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки татбиқи онҳоро сатҳҳои ҳифзи маълумоти шахсии аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Руссия  муқаррар гардида, тадбирҳои ташкилию техникиро татбиқ мекунад;

татбиқи арзёбии мутобиқати воситаҳои ҳифзи иттилоотро, ки бо тартиби муқарраршуда гузаштааст, татбиқ менамояд;

самаранокии чораҳои андешидашударо оид ба таъмини амнияти маълумоти шахсӣ то ба истифода додани системаи информатсионии маълумоти шахсӣ арзёбӣ мекунад;

баҳисобгирии барандагони мошинии маълумоти шахсиро таъмин менамояд;

саривақт ошкор намудани далелҳои дастрасии худсарона ба маълумоти шахсиро таъмин менамояд ва чораҳои заруриро барои пешгирии чунин ҳолатҳо ва рафъи оқибатҳои онҳо меандешад;

маълумоти шахсиро, ки дар натиҷаи дастрасии худсарона тағйир ва ё нобуд шудааст, барқарор менамояд;

қоидаҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсиро, ки дар системаи информатсионии маълумоти шахсӣ коркард шудааст, муқаррар менамояд ва инчунин бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳамаи амалҳои бо маълумоти шахсӣ ба анҷом расонидашударо дар системаи информатсионии маълумоти шахсӣ таъмин менамояд;

чораҳои андешидашударо барои таъмини маълумоти шахсӣ ва сатҳи амнияти системаҳои информатсионии маълумоти шахсӣ назорат менамояд.

3.2. Ба маълумоти шахсии аз ҷониби “Finekonom.com” коркардшуда танҳо шахсоне, ки вазифаҳои расмии онҳо кор бо чунин маълумот ва ҳуҷҷатҳоро дар бар мегиранд, дастрасӣ доранд. “Finekonom.com” маълумоти шахсиро ба кормандонаш бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол медиҳад ва онро танҳо бо он маълумоти шахсӣ, ки барои коркардӣ маълумоти шахсии аз тарафи субъектҳои онҳо муайяншуда, маҳдуд менамояд;

3.3. “Finekonom.com” ҳуқуқ дорад, ки дастрасиро ба маълумоти шахсии корбарон дар ҳолатҳои зерин таъмин намояд:

он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи шахсе, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, пешниҳод, иҷозат ва ё талаб карда шудааст;

субъекти маълумоти шахсӣ барои интиқоли маълумоти шахсияш ба гирандаи онҳо розигии худро додааст;

4. Намудҳои маълумоти коркардшуда

4.1. “Finekonom.com” маълумоти зеринро, аз ҷумла маълумоти шахсиро, коркард мекунад:

а) маълумоти шахсии Корбаргони сомонаи www.finekonom.com;

б) маълумоти стандартӣ, ки ҳангоми дастрасӣ ба манбаи интернетии “Finekonom.com” ба таври автоматӣ аз ҷониби http-сервер гирифта мешаванд;

в) маълумоти стандартӣ, ки аз ҳангоми дастрасӣ ба захираҳои интернетии шахсони сеюм ба таври автоматӣ аз ҷониби http-сервер гирифта мешаванд;

г) маълумоте, ки бо ташаббуси корбарон ҳангоми бақайдгирӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дахлдори интернетии “Finekonom.com” ва хизматрасониҳои интернетии шахсони сеюм пур карда шуда ба сомонаи мазкур фиристода мешаванд;

д) маълумоте, ки “Finekonom.com” аз шарикон ва шахсони сеюм бо истифода аз протоколҳои OpenId ва OAuth ба даст овардааст;

е) маълумоте, ки ҳангоми дастрасӣ ба манбаҳои интернетии “Finekonom.com” ба таври автоматӣ ба даст оварда мешавад ва аз тарафи браузер нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла маълумоте, ки дар замимаҳо (cookies) мавҷуд аст (вале танҳо бо он маҳдуд намешавад).

5. Ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсӣ

5.1. Субъекти маълумоти шахсӣ ҳуқуқ дорад то дар бораи коркарди маълумоти шахсии худ маълумот гирад. Ӯ ҳақ дорад аз “Finekonom.com” талаб намояд, то ин маълумоти шахсиро аниқ кунад, блок кунад ва ё нобуд созад, агар он нопурра, кӯҳна, нодуруст, ғайриқонунӣ ба даст овардашуда бошад ва ё барои ҳадафи изҳоркардаи коркард зарурӣ шуморида нашавад ва инчунин чораҳои пешбиннамудаи қонунро барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ андешад.

5.2. Ҳуқуқи субъекти маълумоти шахсӣ барои дастраӣ ба маълумоти шахсии ӯ метавонад мутобиқи қонунҳои федералӣ маҳдуд карда шавад, аз ҷумла агар дастрасии субъект ба маълумоти шахсии ӯ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони сеюмро вайрон кунад.

5.3. Субъекти маълумоти шахсӣ ҳуқуқ дорад, то ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро, аз ҷумла ҷуброни зиён ва/ё ҷуброни зарари маънавиро дар суд муҳофизат намояд.

5.4. Субъекти маълумоти шахсӣ ҳуқуқ дорад то аз амал ё беамалии “Finekonom.com” бо роҳи муроҷиат намудан ба мақомоти ваколатдор оид ба ҳафзи ҳуқуқи субъектҳои маълумоти шахсӣ шикоят кунад.

6. Қоидаҳои пур кардани аризаҳо, пур кардани саволномаҳо ва обуна ба паҳн намудани маводи таблиғотӣ ва иттилоотӣ дар сомонаи “Finekonom.com”, инчунин пешниҳоди маълумоти шахсӣ аз ҷониби корбарон ва қоидаҳои навишти баррасиҳо ва робита дар бахшҳои сомона

6.1. Ҳангоми пур намудани дархост дар сомонаи “Finekonom.com” ва инчунин варақаҳои гуногуни электронии дар сайти “Finekonom.com” ҷойгиршуда, субъекти маълумоти шахсӣ кафолат медиҳад, ки он маълумот боэътимод буда, танҳо ба ӯ тааллуқ дорад.

6.2. Бо мақсади истифодаи хидматҳои сомонаи “Finekonom.com”, замимаҳои мобилии “Finekonom.com”, бақайдгирӣ дар сомона ва дар замимаи мобилӣ, равон намудани баррасиҳо оид ба маҳсулоти бонкӣ ва суғуртавӣ, пур кардани саволномаҳо ва аризаҳо, ҳамчунин бо мақсади обуна шудан ба паҳн намудани таблиғот ва маводҳои иттилоотӣ, Корбар ҳамаи шартҳои Сиёсати мазкурро қабул менамояд ва ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Finekonom.com” розигии худро оид ба коркарди маълумоти шахсии Корбар, аз ҷумла маълумоти автоматикунонидашудаи ӯ, (насаб, ном, номи падар, чинс, синну сол, маҳалли истиқомат, маълумоти дар бораи шиноснома, рақами телефон, e-mail, маълумот дар бораи даромади иқтисодӣ ва насияҳо), медиҳад. Ҳама гуна амали Корбар, ки барои бақайдгирӣ дар сомона равона карда шудааст, аз ҷумла воридшавӣ ва истифодаи система бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун тасдиқи чунин розигӣ ҳисобида мешавад.

Бо қабули шартҳои коркарди маълумоти шахсӣ аз тарафи “Finekonom.com”, ки дар ҳамин Сиёсати ҳифзи маълумоти шахсӣ оварда шудааст, Корбар ҳамчунин барои интиқоли маълумоти шахсӣ ва маълумот барои тамоси худро ба шахсони сеюм, ки мувофиқи шартномаҳои бо онҳо басташуда контрагентҳои “Finekonom.com” мебошанд, розигӣ медиҳад.

Маълумоти шахсӣ ва маълумот барои тамос инчунин метавонанд ба суроғаи шахсони сеюми дигар интиқол дода шаванд, ки “Finekonom.com” бо онҳо муносибати шартномаве, ки дорои фармоиш оид ба коркарди маълумоти шахсӣ ва тамосии Корбаргонро дорад. Таркиби маълумоти шахсии ба шахсони сеюм додашуда: насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд, суроғаи почтаи электронӣ, ҷинс, рақами телефон барои тамос, суроғаи бақайдгирӣ, суроғаи истиқомати воқеӣ, маълумоти шиноснома (серия, рақами шиноснома, санаи дода шудан, рамзи воҳид, мақомоте, ки ҳуҷҷатро додааст), маълумот дар бораи даромади иқтисодӣ, насияҳо, маълумот дар бораи саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳадафи интиқоли маълумоти шахсӣ ба шахсони сеюм: аз ҷониби Корбар гирифтани хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ, гирифтани маълумоти талиғотӣ ва иттилоотӣ ба почтаи электронии Корбар. Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ мувофиқи талаботи оператори маълумоти шахсӣ (“Finekonom.com”), шахси сеюм, ки вазифаи коркарди маълумоти шахсиро дорад, ҳуқуқ дорад амалҳои (амалиётҳои) зеринро бо маълумоти шахсӣ анҷом диҳад: сабт, систематзатсия, интиқол, аз ҷумла фаромарзӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истихроҷ, истифодадарӣ, блоккунӣ, ҳазф, дақиқсозӣ, нобудсозӣ, бехусусиятгардонӣ. Бо қабули шартҳои коркарди маълумоти шахсӣ аз ҷониби “Finekonom.com”, ки дар Сиёсати махфияткунии мазкур мавҷуд аст, ба Корбар расонида шудааст, ки розигии мазкур аз ҷониби Корбар ба таври бемуҳлат дода шудааст ва Корбар метавонад бо пешниҳоди он ба “Finekonom.com” розигии худро бозпас гирад.

6.3. Корбар вазифадор аст, ки барои таъмини бехатарӣ ва амнияти маълумоти шахсӣ, аз ҷумла маълумоте, ки барои истифодаи сомонаи “Finekonom.com” зарур аст, аз қабили истифодаи антивирусҳо, ғамхорӣ дар бораи нигоҳ доштани рамзҳои махфӣ (паролҳо) ва дастрас набудани онҳо ба шахси сеюм чораҳо андешад. Агар корбар тафсилоти худро барои дастрасӣ ба вебсайти “Finekonom.com” ифшо кунад, ӯ шахсан барои ҳамаи оқибатҳои истифодаи онҳо, аз ҷумла дастрасӣ ба маълумоти шахсии ӯ дар ин сомона ҷавобгар аст.

6.4. Ҳангоми пур кардани варақаҳои электронӣ ва бақайдгирӣ аз ҷониби Корбар, истифодаи маълумоти шахсии шахсони дигар манъ аст. Корбар ӯҳдадор аст, ки ба “Finekonom.com” барои харобӣ ва зиёне, ки дар натиҷаи истифодаи маълумоти шахсии шахси дигар ва барои “Finekonom.com”-ро мавриди ҷавобгарии маъмурӣ ё масъулияти дигар гузоштааст, ҷуброн кунад. “Finekonom.com” ҳуқуқи интиқоли маълумотро дар бораи Корбаре, ки талаботи мазкурро вайрон кардааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар субъектҳои маълумоти шахсӣ ва “Finekonom.com” нигоҳ медорад.

6.5. Корбар метавонад барои хидматҳо ва маҳсулоти пешниҳодкардаи шахсони сеюм дар сомонаи “Finekonom.com” муроҷиат намояд, дар худи вебсайт ё бо роҳи занг задан ба ширкате, ки барнома ба он марбут аст. Ҳамзамон, корбар барои пешниҳод ва коркарди маълумоти шахсии худ аз ҷониби “Finekonom.com” ба шахсони мазкур бо роҳи гузоштани аломати мувофиқ дар сомона розигии худро медиҳад. Коркарди маълумоти шахсӣ дар “Finekonom.com” дар ҳарду ҳолат мувофиқи Сиёсати мазкур сурат мегирад.

6.6.Аз ҷониби Корбар пешниҳод намудани маълумоти шахсӣ дар ариза ба “Finekonom.com” ягон уҳдадории иловагиро, ба истисное оне, ки қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва Сиёсати мазкур пешбинӣ намудааст, бор намекунад. Бақайдгирии ариза барои хизматрасонӣ ва ё маҳсулот ҳамчун шартнома барои пешниҳод намудани он хизматрасонӣ ва ё хариди он маҳсулот намебошад ва Корбар бояд мустақилона бо тамоми қоидаҳои истифодаи хизматрасонӣ ё маҳсулот, аз ҷумла бо қоидаҳои вобаста ба коркарди маълумоти шахсӣ дар ташкилоти дахлдор, ки чунин хизматрасонӣ ва маҳсулотро пешниҳод менамояд, то ба имзо расонидани шартнома шиносоӣ пайдо намояд. Ташкилотҳое, ки дар сомонаи “Finekonom.com” хизматрасонӣ ва маҳсулоташонро пешниҳод менамоянд, ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи натиҷаҳои коркарди маълумоти шахсӣ бар Корбар пешниҳоди хизматрасонӣ ва ё маҳсулотро иҷоза диҳанд ва ё рад кунанд.

6.7. Сомона ҳамчунин истиснодҳоро ба сомонаҳои ташкилотҳои сеюм дорад, ки маълумотро, аз ҷумла маълумоти хусусияти шахсӣ доштаро, мувофиқи сиёсати махфияти худ танзим менамоянд. Корбар бояд мустақилона сиёсати махфияти сомонаҳои ташкилотҳои сеюмро ҳангоми истифодаи он хонад ва ба он розигӣ диҳад.

6.8. Ҳангоми истифодаи сомонаи “Finekonom.com” ворид намудани ҳама гуна маълумот ба тарзи руйхат ва вуруди автоматӣ кунонидашуда, аз он ҷумла махлумоти хусуситяи шахсӣ дошта, манъ аст.

6.9. Ҳангоми истифодаи сомонаи “Finekonom.com”, ҳангоми ворид намудаи эзоҳ дар бахшҳои дахлдор, аз он ҷумла дар бахши “Саволу ҷавоб”, ҳангоми ворид сохтани баррасӣ вобаста ба ташкилотҳои молиявӣ-насиявӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилотҳо, Корбар уҳдадор аст, ки дар чаҳорчӯби умумии ахлоқу одоб, бе иҷоза додан ба сухангӯии қабеҳ, паҳн намудани маълумоти беэътимод, ки метавонад ҳуқуқу манфиатҳои маъмурияти сомона ва шахсони сеюмро вайрон созад, амал намояд; вай уҳдадор аст, то маълумоте, ки қонунгузории Федератсияи Руссияро вайрон месозад, паҳн нанамояд, ҳамчунон маълумоте, ки ба мавзӯи сомона мувофиқ нест ва оне, ки дар бахши “Саволу ҷавоб” муҳокима мешавад, ахбори хусусияти сиёстӣ ва динӣ дошта, ҳама гуна даъватҳои сиёсӣ ва ё таблиғотӣ, ва инчунин паҳн нанамудани маълумоти хусусияти таблиғотӣ (рекламавӣ) дошта бе гирифтани розигӣ аз маъмурияти сомона ва паҳн нанамудани истиснодҳо ба захираҳои берунӣ, агар иҷозат барои он аз тарафи маъмурияти сомона надода шуда бошад.

Агар маъмурияти сомона аз ҷониби Корбар вайронкунии ӯҳдадориҳои дар боло зикргардидаро ошкор созад, маъмурияти сомона ҳуқуқ дорад, то бо салоҳияти худ паёми Корбарро нобуд созад ва ё ба он тағйиротро ворид кунад, ки вайронкунии қоидаҳои дар боло зикргардидаро дар вобаста ба интишори паёмҳо аз ҷониби Корбар бартараф менамояд.

6.10. Ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои сомонаи “Finekonom.com”, аз ҷумла ҳангоми гирифтани посухҳо дар бахши “Саволу ҷавоб”, Корбар огоҳ карда мешавад, ки ҷавобҳои коршиносон ба саволҳои аз ҷониби Корбар пешниҳодшуда, фикри шахсӣ ва субъективии коршиноси мушаххас мебошанд ва аз тарафи Корбар ҳамчун тавсия барои амал баррасӣ шуда наметавонанд. Корбар худаш мустақилона дараҷаи эътимоднокӣ ва дурустии маълумоти дар бахши “Саволу ҷавоб” пешниҳоднамудаи мутахассисонро муайян менамояд. Мавҷуд будани арзёбии мусбии дигар корбарон барои баррассие, ки аз тарафи коршинос гузошта шудааст, холисона ва эътимоднокии онро тасдиқ намекунад. Корбар тавсияҳои коршиносонро аз рӯи хатар ва таваккали худ иҷро менамояд, дар ҳоле, ки маъмурияти сомона барои оқибатҳои эҳтимолии иҷрои ин тавсияҳо аз тарафи Корбар масъулият надорад. Корбар ҳамчунин огоҳ карда мешавад, ки маъмурияти сомона кафолат намедаҳад, ки ӯ ба саволҳои додашудааш ҳатман ҷавоб мегирад, мавҷуд будани ягон муҳлати муайянро барои пайдо шудани ҷавоб ба саволҳо дар сомона низ кафолат дода намешавад. Маъмурияти сомона ҳамчунин ҳуқуқи тағйир додан ва ё нобуд сохтани саволи Корбарро бо салоҳдиди худ ва бидуни огоҳӣ ва шарҳи сабабҳо нигоҳ медорад.

 

7. Файлҳои идентификатсионӣ, ки дар системаи муштариён (cookies) ҳифз карда мешаванд.

7.1. “Finekonom.com” ду намуди файлҳои идентификатсиониро, ки дар системаи муштариён ҳифз мешаванд, истифода мебарад, ки онро одатан “cookies” ё “кукиҳо” (минбаъд “cookies”) меноманд:

7.2. Cookies, ки барои ки барои кори система заруранд

Ин cookies барои истифодабарии сомона, паймоиш дар он ва фаъолияти дурусти хизматрасониҳои он муҳиманд. Бе онҳо фаъолияти дурусти сомона ғайриимкон аст. Чунин cookies метавонанд маълумотро дар бораи субъекти маълумоти шахсӣ дар сомона дар бар гиранд, аз ҷумла маълумоте, ки аз тарафи ӯ ворид карда шудааст, ва мутобиқи муқаррароти Сиёсати махфияти сомона истифода шавад. Маълумоти дар cookies сабтгардида танҳо барои сомонаи “Finekonom.com”  дастрас аст ва ҳатто ҳангоми истфода бурдани сомонаҳои дигар аз тарафи Корбар, ба ҳеҷ ваҳҷ истифода бурда намешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз сомонаи “Finekonom.com”, Корбар барои нигаҳдории cookies аз ҷониби “Finekonom.com” бо истифода аз механизми мувофиқи стандарти интернет-браузери компютер, иҷозат медиҳад.

7.3. Cookies, ки барои хизматрасониҳои таблиғотӣ ва таҳлилӣ заруранд

Бо ёрии чунин cookies таблиғоти махсусан мувофиқ ба Корбар нишон дода мешавад ва маълумоти оморӣ оид ба фаъолияти сомона ҷамъ карда мешавад. Одатан онҳо аз ҷониби хизматрасониҳое ҷамъоварӣ карда мешаванд, ки “Finekonom.com” бо онҳо дар асоси созишномаи мувофиқ шарик аст. Чунин cookies маълумоти шахсиро дар бар намегиранд, аммо онҳо метавонанд дар фаъолияти алгоритмҳои худ таърих ва омори боздидҳои корбаронро истифода баранд, масъалан, барои нишон додани маълумоти таблиғотие (реклама), ки ба субъекти маълумоти шахсӣ аҷоиб бошад ва ё ҳисоботи омори оммавӣ оид ба фаъолияти сомонаи “Finekonom.com”.

Бо истифода аз сомонаи “Finekonom.com” субъекти маълумоти шахсӣ ба нигоҳ доштани cookies аз тарафи хизматрасониҳои шарикони “Finekonom.com” розигии худро медиҳад, то вақте, ки субъект нигоҳ доштани чунин cookies-ро дар танзимоти сомонаи шарики “Finekonom.com” ё дар браузери компютери худ манъ накунад.

8. Алоқа оид ба коркарди маълумоти шахсӣ

Агар Шумо саволҳои иловагӣ ва ё пешниҳодҳо дар вобаста ба Сиёсати мазкур дошта бошед, метавонед дар ҳар вақту соат ба “Finekonom.com” бо суроғаи зерин нависед: info@finekonom.com.

9. Сиёсати фиристодани макубҳо

Қатъи обуна аз паёмҳо ҳамеша дар поёни ҳар як паёми электронӣ мавҷуд аст Интиқолдиҳанда ҳамеша ба дархости Корбари ниҳоӣ оид ба қатъ намудани обуна аз гирифтани паёмҳо ҳангоми тамос гирифтан бо гуруҳи хизматрасонии техникӣ, посух мегирад (info@finekonom.com).

Интиқолдиҳанда метавонад паёмҳои транзаксионӣ-триггерӣ, паёмҳои маълумотӣ ва ҳамчунин паёмҳои иттилоотиву таблиғотиро равон намояд. Басомади паёмҳо метавонад аз бисёр омилҳо ва амалҳои Корбари ниҳоӣ вобаста бошад, дар айни ҳол мо ваъда медиҳем, ки сайъи оқилона хоҳем кард, то Корбари ниҳоӣ ҳаҷми зиёди мактубҳои фиристодашударо нагирад.

Суроғаи почтаи электронии маъмурияти сомона барои баррасии дарзостҳои Корбарон ва шахсони дигар аз ҷумла пешниҳоди дастгирии техникӣ барои корбарон: info@finekonom.com.

10. Мо чӣ тавр фаъолият мекунем

Мақсади мо – кумак ба одамон дар қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ ва муқоисаи маҳсулоти гуногуни насиявӣ барои сарфаи хароҷот мебошад. Дар саҳифаҳои мундариҷаи мо, шумо маълумот дар бораи насияҳо, амонатҳо, кортҳои кредитӣ, маблағгузории муштарак ва  бисёр маҳсулоти дигари молиявиро пайдо хоҳед кард. Шартҳои мо барои истифодабарӣ бо мақсади ёрӣ расонидан ба шумо дар фаҳмидани он ки “Finekonom.com” чӣ гуна фаъолият менамояд ва кадом намуди маълумот дар сомонаи мо ҷамъоварӣ карда мешавад, ҷорӣ шудаанд.

“Finekonom.com”-и Қазоқистон ба ягон ташкилот ё ширкати қарзӣ ва ё бонк таалуқ надорад. Мо маълумоти Корбарро ба ягон ташкилоти қарзӣ паҳн намекунем, агар ба он розигии шумо дода нашуда бошад. “Finekonom.com” ҳамеша мекӯшад, то маълумотро ҳарчӣ зудтар навсозӣ намояд, вале мо ҳеҷ гоҳ ба дурустӣ, саривақтӣ ва пуррагии иттилооти дар сомонаамон нашршуда кафолат намедиҳем. Аз ин рӯ, хуло муҳим аст, то Шумо пеш аз бастани шартнома бо таъминкунандаи хизматрасонӣ шарт ва ҳолатҳои он таъминкунандаро бевосита дар сомонаи он таъминкунанда хонед. Мо барои иттилооти кӯҳнашуда ва ё нодуруст ҷавобгар нахоҳем буд.

Агар Шумо маълумоти дар сомонаи “Finekonom.com” нашршударо истифода мебаред, Шумо комилан ба дӯши худ рафтор менамоед.

11. Рад намудани ӯҳдадорӣ

Мазмуну мундариҷаи сомонаи Finekonom.com бодиққат тартиб дода шудааст. Вале сарфи назар аз ин мумкин аст, ки баъзе маълумотҳо нопурра, нодуруст ва ё носаҳеҳ бошанд. Агар Шумо маълумотро истифода мебаред, аз рӯи хавфу таваккали худ кор мекунед. Мӯштавои сомонаи “Finekonom.com” дар асоси донишу фаҳмиши мо сохта шудааст, аммо мо масъулияти дақиқ, пурра ва ё актуалӣ будани онро ба дӯш намегирем. Сомонаи “Finekonom.com” мутахассиси соҳаи молия нест. Мо барои зараре, ки аз истифодаи мӯҳтавои сомонви мо расонида шудааст, ҷавобгар нестем. Ин масъулияти шумо ҳамчун муштарӣ мебошад ва шумо шахсан бояд пеш аз ворид гаштан ба ҳама гуна муносибатҳои шартномавӣ дақиқ будани маълумотро амиқ кунед.

“Finekonom.com” барои ҳама гуна ихтилофоте, ки дар байни муштариён ва ташкилотҳои қарзӣ рух дода метавонад, ҷавобгар намебошад. Ин инчунин ба ҳама шикоятҳои марбут ба аризасупорӣ барои хидмати қарзӣ, нагирифтани хидматҳои қарзӣ ва монанди инҳо дахл дорад.

Агар байни муштарӣ ва таъминкунандаи хизматрасонӣ ягон нофаҳмие сар занад, мо барои он масъул нестем. Инчунин, мо барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи созишномаи байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ ба амал омадааст, ҷавобгар намебошем.

Лутфан, аз хизматҳои кредитӣ истифода набаред, агар шумо чунин ӯҳдадориро иҷро карда натавонед. Дар хотир доред, ки ҳар як қарори қарзӣ ӯҳдадорҳои худро дорад. Лутфан пеш аз истифодаи хизматрасониҳо бо коршинос маслиҳат кунед.

12. Масъулият барои истиснодҳо

Мақолаҳои “Finekonom.com” метавонанд истинодҳоро ба сомонаҳои беруна дар бар гиранд, ки мундариҷаи онҳо дар таҳти назорати мо нест. Мо барои пешниҳодҳои тарафҳои сеюм масъул нестем. Мӯҳтавои беруна аз ҷониби мо мунтазам назорат намешавад, аз ин рӯ мо наметавонем бо сифати он кафолат диҳем. Агар Шумо истисноди номувофиқеро пайдо кардед, ки ба мундариҷаи номуносиб ишора менамояд, лутфан ба мо бинависед, то мо онро нобуд кунем.

13.Сармоягузорӣ

“Finekonom.com” дар навиштани мақолаҳо аз мушовирони сармоягузорӣ ё молиявӣ ягон намуди кумаке нагирифтааст ва ҳама мундариҷаи нашршуда дар асоси таҷрибаи шахсӣ ва мушоҳидаҳои тими “Finekonom.com” асос ёфтааст.

Омодаед шуруъ кунед?